Ба гузориши агентсии хабарии «Абно», рӯзномаи ибрӣзабони «Маърив» иқрор кард, ки созишномаи байни Амрико ва Эрон нишон медиҳад, ки Теҳрон бузургтарин ғолиби бемунозиъи ин ҷанг аст. Ин дар ҳолест, ки Амрико ва режими сионистӣ шикаст хӯрдаанд.
Дар ин гузориш омадааст: Эрониҳо аз мақомоти сионистӣ аз ҷумла Нетанёҳу, Котс ва дигар аъзои кабинет ва эътилофи ҳоким бодиққатранд.
Рӯзномаи ибрӣзабони «Едиъот Аҳаранот» низ пештар ба нақл аз як масъули баландпояи режими сионистӣ гузориш дод, ки созишномаи байни Амрико ва Эрон бад аст. Ҳеҷ кас аз ин созишнома розӣ нест.
Вай афзуд: Ҳамагон медонанд, ки ин созишнома барои мо хуб нест ва ба манфиатҳои Исроил зарба мезанад.
Ин масъули сионистӣ илова кард: Он чи нигаронкунанда аст, ин аст, ки Исроил наметавонад ба ин раванд таъсир расонад. Трамп моро фиреб дод. Мо дар шок ҳастем. Онҳо ба эрониҳо пул медиҳанд ва ин кишвар ба ҳар он чи мехоҳад даст меёбад.
Your Comment